Get Mystery Box with random crypto!

Бадгӯии асҳоби Расулуллоҳ ﷺ...! Имом Муҳаммад Боқир аз масире | 📚Қур'он ва ҳадис📚

Бадгӯии асҳоби Расулуллоҳ ﷺ...!

Имом Муҳаммад Боқир аз масире рад мешуд ки гуруҳе аз мардум дар мавриди ҳазрати Абубакр _Умар _Усмон رضی الله عنهم изҳори назар ва интиқод мекарданд. Имом Боқир хели нороҳат шуд ва гуфт шумо аз гурӯҳи муҳоҷир ҳастед? Ки Аллоҳи Мутаъол дар мавриди онон мефармояд:

فَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَأُخْرِجُوا مِن دِيَارِهِمْ وَأُوذُوا فِي سَبِيلِي

Пас касоне ,ки (барои Аллоҳ) ҳиҷрат карданд, ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд, ва дар роҳи Аллоҳ озор диданд,( Оли Имрон _195)


Гуфтанд; на хайр аз ин гурӯҳ нестем, Имом Муҳаммад Боқир гуфт: Пас аз ин гурӯҳи ансор ҳастед ки Аллоҳи Мутаъол мефармояд:


وَالَّذِينَ تَبَوَّءُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِن قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ

Ва барои касоне (аз Ансор аст) ки пеш аз муҳоҷирон дар сарои ҳиҷрат ва имон (яъне Мадина) ҷой гирифтанд,


Гуфтанд: Нахайр аз ин гурӯҳ ҳам нестем Имом Боқир фармуд шумо худ эътироф кардед ки аз ду гуруҳи аввал нестед. Ман барои шумо мегӯям аз гуруҳи севвум ҳам нестед ки Аллоҳи мутаъол мефармояд: